http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Даромезам дигар бо қиссаю афсонаи дарё,
Ки бошам бо паримоҳӣ шабе дар хонаи дарё.

Парии ишқи ман мисли паримоҳӣ ба дарё рафт,
Биҷӯям синаи дарё, дили дурдонаи дарё.

Чу мадду ҷазри ғалтонаш, чу авҷи мавҷи рақсонаш,
Фитам мастона дар печухами мастонаи дарё.

Бигирам ёли обияш, занам маҳмез кӯдаквор,
Савори кӯҳаи мавҷу савори шонаи дарё.

Зи мастӣ ҳалқа-ҳалқа бигсалам занҷири амвоҷаш,
Ки аз ман ёд орад хилқати риндонаи дарё.

Занам охир ба дарё ин дили туғёнписандамро,
Ки бошад зинда дар туғёни ҷовидонаи дарё.

Басо рафта ба дарё шоиру девони ашъораш,
Ки сад девон ғазал дорад дили девонаи дарё...

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1986-м приключилась первая вирусная атака – "дикий" вирус Brian, созданный пакистанскими программистами, братьями Basit и Amjad Alvi, распространился по миру.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|