http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Шудам пазмонат, эй ҳамшишаву ҳамсоғарам, Варзоб,
Биё, ҷоме ба ҳам гирем, пеш о дар барам, Варзоб.

Ҳама занги диламро ҳар замон пеши ту меорам,
Даме рӯҳи маро бинвоз, эй хунёгарам, Варзоб.

Ба ёди мавҷи бетобат дилам бетоб мегардад,
Ки туғён дорӣ дар хунам чу шири модарам, Варзоб.

Чи шабҳое, ки бикшодам дару дарвозаи Қалъа,
Ту доим дар барам будӣ ба сони ёварам, Варзоб.

Канорат то канори ёри маҳваш буд, дилкаш буд,
Кунун дигар ту мондӣ бо дили бедилбарам, Варзоб.

Ба гӯшам мерасад шаб то саҳар наҷвои амвоҷат,
Туро хоҳам бикӯчонам ба рӯи дафтарам, Варзоб.

Ба як мавҷат намеарзанд Анхелҳову Тугелҳо ,
Ки дорӣ хилқати дарёдилони кишварам, Варзоб.

Дили ман об хоҳад шуд замоне байни ин куҳсор,
Ту аммо зинда хоҳӣ буд ҳам баъди сарам, Варзоб.

Ҳар он рӯзе, ки мавҷи хунам аз гардиш фурӯ монад,
Дарахте сабз кун бар гӯр баҳри хотирам, Варзоб!

[1986]
  1. Choice of language
  1. You know ...
что байт - это 8 бит
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|