http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Одамон бисёр, аммо якдилу якрӯ куҷост?
Шоирон афзун, валекин шоири ҳақгӯ куҷост?

Ҳар ки дилро об созад, бар сараш резанд об,
Обрӯе, ки диҳӣ руҷҳон ба оби ҷӯ куҷост?

Дар миёни панҷ милёрд одами зоҳирпараст
Он, ки дорад асли асли хеш ҷустуҷӯ куҷост?

Одамон дар шаш ҷиҳат ин сӯю он сӯ медаванд,
Нест кас, то пурсияш ин сӯ куҷо, он сӯ куҷост?

Чор унсур аз азал шуд чор унсур дар аҷал,
Эй бани одам! Хирад ку? Фитрату нирӯ куҷост?

Нимгушна, нимташна, нимдушман, нимдӯст,
Эй ҷаҳони нимкора, сарҳисоби ту куҷост?

[1997]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первое упоминание Internet относится к 1982 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|