http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Дарёдиливу соҳили дарё ғанимат аст,
Ҳам обшори шавқу таманно ғанимат аст.

Варзобро чӣ варзише, гар ишқварзӣ нест,
Дар пои кӯҳ қомати боло ғанимат аст.

Сарро ба санг мезанад амвоҷи гушнамаст,
Сар рӯи сақфи синаи зебо ғанимат аст.

Ин обро бубин, камари кӯҳ меканад,
Гар то камар расидаӣ, ҳаққо ғанимат аст...

Маҳтоб рӯи мавҷҳо зарҳал давонду рафт,
Ин шабравию хилвати шабҳо ғанимат аст.

Эй ҳеҷкас, ки дар ғами мансаб нахуфтаӣ,
Бемансабии ошиқи шайдо ғанимат аст.

[1982]
  1. Choice of language
  1. You know ...
The first mass hard disk was from Seagate capacity 5 Mb
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|