http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Барои Ҷӯрабек Мурод

Қурбони он дилам, ки ӯ қурбони одам аст,
Ҷонам фидои одаме, ки ҷони одам аст.

Ман ҳар чӣ ҷамъ оварам дар рӯзгори хеш
Аз баҳри рӯзгори парешони одам аст.

Ман чораспа ҳар куҷо бигрезам аз касе,
К-андар дурӯза умр гурезони одам аст.

Сад ҷазбаи заминиро як ҷав намехарам,
То ҷазбаи ишораи дастони одам аст.

Аз меҳру моҳ равшану наздик рӯи дӯст,
Кайҳони ман ситораи тобони одам аст.

Ман то фалак барои башар бонг мезанам
Дар ин замон, ки вусъати даврони одам аст.

То он даме, ки зиндаам, андар талоши бахт
Ашъори ман ситоиши исёни одам аст.

[1979]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Автор самого древнего алгоритма Евклид
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|