http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Ин чӣ рӯзу чӣ рӯзгорон аст,
Ваҳму талвосаи ҳазорон аст.

Дар назар ҷанг не, масофе не,
Ҳар нафас бими тирборон аст.

Зиндагӣ сахт, бандагӣ ҳам сахт,
Ё сари сахти сарбадорон аст?

Мардуми содабовари моро
Ҷоннисорӣ бо ҷоншикорон аст.

Аз замине, ки зар ба каф ояд,
Хокҷое ба хоксорон аст.

Риштае, ки зи пунба метобанд,
Риштаи ҷони пунбакорон аст.

Чӣ баҳорест соли маймунро
Маймуниҳо миёни ёрон аст.

Шарм дорад гул аз шукуфтани хеш
Ин магар хислати баҳорон аст?

Ин чӣ шӯрест шӯрбахтонро,
Ё ҷазои гуноҳкорон аст?

Ин чӣ гӯрест ҳар қадам дар роҳ,
Ё сазои зимомдорон аст?

Ҳақ ба ҳақдор мерасад ё на?
Пофишории ҳақгузорон аст!

14.04.1992 – Бемористон
  1. Choice of language
  1. You know ...
For the first time the technology of sending of faxes has been patented in 1943 by Alexander Bein, but the fax machine has been used only in 1964.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|