http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Дар дил он қадр, ки мақсуди ман аст,
Ин ҷаҳон арсаи маҳдуди ман аст.

Ҳар чӣ аз будани худ пай ҷустам,
Жарф дидам паи нобуди ман аст

Дар раҳи дод басе дод задам,
Нек дидам, ки на бар суди ман аст.

Кай кашад миллати ман сар ба фалак?
Дар куҷо ҷаннати мавъуди ман аст?

Дар чӣ бурҷе ба тулӯъ омода
Ахтари толеи масъуди ман аст?

Баррае дар даҳани гургонам,
Чор сӯ ҳалқаи масдуди ман аст.

Ҷигарам пора шуда, лахта шуда
Чун заминҳои Варорӯди ман аст.

Сӯхтам, сӯхтам аз тарсуӣ
З-ин алам оҳи таболуди ман аст.

Сӯхтам, сӯхтам аз танҳоӣ,
Шеъри ман оташи ман, дуди ман аст.

Ҳар суруде, ки бихонам зи алам,
Бо ҷаҳон номаи бидруди ман аст...

14.12.1994
  1. Choice of language
  1. You know ...
Author of the most ancient algorithm Evklid
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|