http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Чи ҷои шукри шукуфа, баҳор хунин аст,
Насими шумнафас дар гузор хунин аст.

Дарахт дасти дареғо ҳамезанад бар сар,
Ҷавона ғамзадаю шохсор хунин аст.

Зи тарсу ларз дили ошиқон фурӯ мурда,
Умеди васл зи оғӯши ёр хунин аст.

Диле агар зи диле об хурд то имрӯз,
Кунун ба хун бинишинад, канор хунин аст.

Зи баски хуни шаҳидон чу об ҷорӣ шуд,
Ҷабини рӯду лаби ҷӯйбор хунин аст.

Замон ба зону нишаста зи хории миллат,
Замин зи пой фитода, мадор хунин аст.

Зи осмону замин бӯи хун ҳамешунавам,
Чӣ беш гӯям аз ин, рӯзгор хунин аст.

Зи халқи хеш, ки фарҳанги бостон дорад!
Чӣ ифтихор кунам, ифтихор хунин аст...

майи 1992
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1981 г. компания "Таито" выпустила первую аркадную видеоигру "Космические захватчики".
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|