http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Ҳарфе шунавӣ, оҳу роҳе биравӣ, чоҳ аст,
Аз мӯрии ҳар хона дуди ғами ҷонкоҳ аст.

Ҳарфе зи Ватан гӯӣ, тират ба даҳан ояд,
Ин ҷо на ватангоҳу на ҷои ватанхоҳ аст.

Арвоҳи бузургон шуд покӯби ду-се кавдан
Арвоҳзада чанде бомартабаву ҷоҳ аст.

Ку шоҳу вазири мо? Ку ақли кабири мо?
Кӯрист вазир ин ҷо, зӯрии камон шоҳ аст.

Ояндаи миллатро дар чорсӯи торих
Раҳдон ду-се худхоҳу раҳбар ду-се гумроҳ аст.

Пистони Ватан ҳар кас ҳар сӯ кашаду дӯшад,
Номуси ватандорӣ гӯсолаи пуркоҳ аст.

Фарҳангписандонро девор зи бун афтод,
Деворбаландонро андешаи кӯтоҳ аст.

“Ушшоқи Душанбе”-ро бинвишта пушаймонам,
Дирӯз ватангаҳ буд, имрӯз бизангоҳ аст.

27.01.1994 – Бемористон
  1. Choice of language
  1. You know ...
First mention of Internet concerns to 1982.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|