http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Куштаи бисёр додӣ, боз рӯҳат зинда аст.
Поя дар ин хок дорӣ, давлатат поянда аст.

Гарчи аз домони кӯҳат рӯди хун ҷорӣ шуда,
Қуллаи кӯҳат нишони қуллаи оянда аст.

То туро бетоб дидам, тоб хурдам рӯзу шаб
Шукри борӣ, аз паи шаб субҳи ту тобанда аст.

Бетараф хонд он, ки моро, буд ӯ худ бешараф
Ҷон канад беҳ он касе, к-аз халқи худ дил кандааст.

Синаҳо шуд реш аз дасти ду-се тан хомриш,
Миллати пуртоқати ман, душманат шарманда аст.

Нестам рӯсӯхта дар рӯ ба рӯят, эй Ватан,
Ҳарф-ҳарфи шеъри ман аз меҳри ту огандааст.

Буд сархам парчамат аз бори дарду мотамат,
Дар нишони нав бидидам шери ту разманда аст.

Зиндагонӣ зинда мегардад зи хуни куштагон
Дар миёни гиряву мотам тулӯи ханда аст.

Ин баҳор аз гӯрҳо гар сабза хунин медамад,
Рӯҳи бедори шаҳидон зиндагибахшанда аст.

Мурд чандин бору аммо боз бистонд интиқом,
Миллати ман то қиёмат бо қиёмаш зинда аст!

20.02.1993
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1981 г. компания "Таито" выпустила первую аркадную видеоигру "Космические захватчики".
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|