http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Халқи фарзонапараст шуда девонапараст,
Дода дурдона зи каф, шуда анбонапараст.

Халқи “Шаҳнома”-навис шуд сияҳноманавис,
Дода хуршед зи каф, шуда таҳхонапараст.

Халқи ҳурмуздпараст бинигар дуздпараст,
Шамъу парвонапараст шуда ҳарвонапараст.

Завқи афлокписанд бинигар хокписанд
Табъи ҷононапараст бинигар чонапараст.

Мулки деворбаланд шуда кӯтаҳдевор,
Кохи шоҳонапараст шуда вайронапараст.

Огаҳат мекунем, эй мардуми аз худ ғофил,
Бишунав нуктае аз Лоиқи паймонапараст:

Борҳо гуфтамат, эй пури фулон, худро ёб,
Ту ба афсуни саге хондиям афсонапараст.

Рӯзе аз хеш нишон ҷӯӣ, наёбӣ гарде,
Эй ту бегонапараст, эй ту бегонапараст...

11.11.1993
  1. Choice of language
  1. You know ...
Known by everybody - symbol @ - entered into use in e-mail addresses from easy hand of Ray Tomlinson, who actually has thought up e-mail. Date of occurrence of "catch" in computer world – 1972.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|