http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Сухан вирди забонҳо буд, имрӯз аз даҳан мондаст,
Забони ноби тоҷикӣ бурун аз анҷуман мондаст.

Чу ҳар хору хасе даъвои шеъру шоирӣ дорад,
Дилам аз шоирӣ мондасту аз шеъру сухан мондаст.

Биё дар шаҳри холӣ, табъи олӣ, хошарӯбӣ кун,
Ҳунар аз осмон афтода помоли лаҷан мондаст.

Ҷавонони саодатманд масти банги бенангӣ
На шукри пирмардону на поси пирзан мондаст.

Агар ту настаран гӯӣ ба гӯшаш рестуран ояд,
Зи бас ин мулк дар чанги ду-се дузду чапан мондаст.

Куҷо мушти қавӣ, к-ин муштҳоро пушти сар тобад
Ки рӯзи халқ андар мушти муште муштзан мондаст.

Тарозу имтиёзе буд, ҳар гову харе балъид,
Тарози ҳол бесоҳиб – куланги гӯркан мондаст.

Ҳама аз дарди миллат ҳарф мегӯянду қатъи ҷанг,
Давоми ҷанг – баҳри ҷоҳ ҷанги тан ба тан мондаст.

Дигар чизе намонда, то дилат бо он биомезад,
Агар худро биёвезӣ, фақат як газ расан мондаст.

На аз худ на зи бегона умеди офият дорам,
Дилам аз дӯстон мондаст, ҳам аз хештан мондаст.

Муқимони Душанбе гӯиё андар ғарибиянд,
Дар ин шаҳри баҳорафшон басе байтулҳазан мондаст.

Дигар дар домани саҳро бисоти нуқлу май беҷост,
Ки хуни сад ҷавон дар домани дашту даман мондаст.

Чу ман мирам, дилам як зарраи ин хок хоҳад шуд,
Агар чанде дилам имрӯз аз ин халқу Ватан мондаст.

Бад-ин минвол агар тақдир бетадбир хоҳад буд,
Аҷаб набвад агар гӯянд Лоиқ бекафан мондаст...

30.01.1994 – Бемористони Қаряи боло
  1. Choice of language
  1. You know ...
The first monitor appeared in 1964 in the world for computer IBM 2250. The monochrome display in the size of 12*12 inches had the resolution of 1024*1024 points and supported frequency of updating the screen in 40
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|