http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

На мову на ман ҳастӣ, ин мову маниҳо чист?!
Дандон зада бар дандон, дуниву даниҳо чист!

Аз хеш нарафтӣ дур, то хеши диле ёбӣ,
Бе мазҳаби худсозӣ ин худшиканиҳо чист?!

Аз хешпарастият бехештанӣ имрӯз,
Бе хеши дилу нийят, бехештаниҳо чист?!

Ҳар чӣ ба даҳан ояд, на зеби сухан ояд,
Дандони фаросат ку?! Ин бедаҳаниҳо чист?!

Бегонаписандият вайронаписандияст,
Бо толеъи бадфарҷом ин хушсуханиҳо чист?!

Як боғи пур аз имон якборӣ бишуд толон,
Ин решаканиҳо чӣ, ин тешазаниҳо чист?!

Бар пузаи зарде, к-ӯ аз дарди ту бедард аст,
Худ бодбадастӣ ту, ин бодзаниҳо чист?!

Гӯрат биканад ине, бар он фиканад оне,
Дар хоки худофармуд ин бекафаниҳо чист?!

Эй мардуми кӯҳамсол, Фарҳод бизой, охир,
То теша ба дастат не, ин кӯҳканиҳо чист?!

[1991]
  1. Choice of language
  1. You know ...
The first mass hard disk was from Seagate capacity 5 Mb
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|