http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

То ҳамканор будиям, дунё канор дошт,
То ҷоннисор будиям, дунё нисор дошт.

Андар миёни ин ҳама таъҷилу гирудор,
То ҳамқарор будиям, дунё қарор дошт.

Гоҳе зи бодаи сара, гоҳ аз мушоара,
То ҳамхумор будиям, чашмат хумор дошт.

Дунёи нақши обу гил ҳарчанд буд бахил,
То ту нигор будиям, нақшу нигор дошт.

Ҳар лаҳза дар гузаргаҳи умри шитобкор,
То интизор будиям, умр интизор дошт.

То ҳамтарона будиям, дунё тарона буд,
То ғамгусор будиям, ғам бӯи ёр дошт.

Имрӯз аз хазони ишқ афсӯс мехурам...
То ҳамбаҳор будиям, дунё баҳор дошт.

[1986]
  1. Choice of language
  1. You know ...
что байт - это 8 бит
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|