http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Зиндагиям бе шукӯҳи ишқат орое надошт,
Ҳамчу шаҳри мурдагоне буд, овое надошт.

То набудӣ, гӯиё дар синаи ман дил набуд,
Ё агар буд, андуҳу дарди гуворое надошт.

Чашмаҳои шавқу шӯрам андарун хушкида буд,
То ба дарёи дилат дастури маҷрое надошт.

То саропоят саропои маро оташ назад,
Рӯзгори шоирии ман сару пое надошт.

Беҳ набуд аз хонаи бебому дар ашъори ман,
То чу байти абруят байти пазирое надошт.

Гар сарам аз шавқи дидори ту бар гардун расид,
Ғайри болои баландат азми болое надошт.

Гар дилам аз сина берун рафта бошад, бад магир,
Ғайри ҷои ваъдаи ту дар ҷаҳон ҷое надошт.

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1981 г. компания "Таито" выпустила первую аркадную видеоигру "Космические захватчики".
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|