http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт,
Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.

Қолиб тиҳӣ созам агар зору ҳазин, ҷони падар,
Рав беди маҷнунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.

Дар рӯи тобутам агар гулбаргафшонӣ кунанд,
Он шохи гулбунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.

Ду дида Ҷайҳун доштам аз марги армонҳои халқ
Рав оби Ҷайҳунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.

Озори дунё дар дилам аз реги ҳомун беш буд,
Он реги ҳомунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.

Дил додаам, дил бурдаам, ҷоми паёпай хурдаам,
Он ҷоми ворунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.

Ин дафтари шеъру ғазал чун ман намирад аз аҷал,
Рав чархи гардунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.

8.01.1995 – Бемористон
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
что слово "Google" - это выдуманное число: 1 и сто нулей
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|