http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Ту мондиву ғами ёрат, худо ёрат, худо ёрат!
Ба ҷуз ғам нест ғамхорат, худо ёрат, худо ёрат!

Ягона меҳрубонат рафт, яъне ҷони ҷонат рафт,
Ту мондиву дили зорат, худо ёрат, худо ёрат!

Дилатро об кардӣ, то дили ёрат бувад шодоб,
На дил монду на дилдорат, худо ёрат, худо ёрат!

Шифокорони дарди ту зи ваҳми дарди ту мурданд,
Намонда як мададгорат, худо ёрат, худо ёрат!

Зи ашкат тар шуда болин, ба ҳаққи дил бикун омин,
Ки нимаҷон кашад борат, худо ёрат, худо ёрат!

Дилат дар сина меларзад, танат аз марг метарсад,
Чӣ имдоде зи осорат? Худо ёрат, худо ёрат!

Сарат дар бистари марг аст, чашмат ёр меҷӯяд,
Ки бинад ҳоли абгорат, худо ёрат, худо ёрат!

Туро аз ҷумлаи кори ҷаҳон як ҷонканӣ монда,
Худо осон кунад корат, худо ёрат, худо ёрат!

21.05.1996
  1. Choice of language
  1. You know ...
Author of the most ancient algorithm Evklid
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|