http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!
Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!

Ғунчаҳои пунба механдад, зи хандохандашон,
Хандаҳои духтарон дар пунбазорон зинда бод!

Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,
Охирин уммеди ин уммедворон зинда бод!

Ташнагӣ хуб аст, водорад, ки ҷӯӣ чашмае,
Ташнагиҳои дил аз дидори ёрон зинда бод!

Гармтар аз оташу равшантар аз хуршеди Шарқ
Бӯсаҳои аввалини дӯстдорон зинда бод!

То сухан парвоз омӯзад зи мурғони ҳаво
Лонаҳои мурғакон дар шохсорон зинда бод!

Тирборон кардани мо кӯшиши беҳудааст,
Ҳар кӣ моро мекушад бо шеърборон, зинда бод!

[1979]
  1. Choice of language
  1. You know ...
First mention of Internet concerns to 1982.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|