http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Кай ҳама ҷангу моҷаро гузарад,
То азоби ману шумо гузарад?

Ё Баҳоваддини балогардон,
Ҳеҷ донӣ бо мо чиҳо гузарад?

Сад бало омадаст бар сари халқ,
Як бало кун, ки сад бало гузарад.

Осмон косаест воруна,
Зери он умр бенаво гузарад.

Моҳи нима чу ними нон тобад
Гар шабе аз раҳе гадо гузарад.

Ин ҷаҳон кафши куҳнаро монад
Чун зи пешам бараҳнапо гузарад.

Эй зараргор, то зар андӯзӣ,
Обат аз кӯзаи тило гузарад.

Халқ гушнаст, эй шикамбора,
Аз гулӯят чӣ сон ғизо гузарад?

Ҳар куҷо ҳизб, кизб низ он ҷост,
Ҳизббозӣ куҷо ба ҷо гузарад.

Марги мо ҷуз маҳалгароӣ нест,
Зудтар кош ин вабо гузарад.

Мазҳабе ҷуз талоши мансаб нест,
Магар ин дарди бедаво гузарад?

Дар гадоӣ тавон ба сахтӣ сохт,
Кай азоби ватангадо гузарад?

Бар сари ин шикастаболон кай
Сояи шаҳпари ҳумо гузарад?

Кош ин халқи хештаннашнос
Боре аз хотири худо гузарад.

Давлати ҳамситораҳо бошад,
Савлати беситораҳо гузарад...

7.01.1995 – Бемористон
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Билл Гейтс стал миллиардером, когда ему был 31 год
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|