http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Маро рӯзе, ки хушканд обшорон, ёд хоҳӣ кард,
Ба ҳам часпад лабони чашмасорон, ёд хоҳӣ кард.

Тароват кӯч бандад аз ҳарими равшани гулшан,
Намонад як гул аз боғи баҳорон, ёд хоҳӣ кард.

Чу ҷони ман ба дашту кӯҳсорон сабзаҳо сӯзанд,
Фурӯ монанд аз чаҳ-чаҳ ҳазорон, ёд хоҳӣ кард.

Дарахти хушкро бинӣ сари гӯри фаромӯше,
Маро ҳар шаб ва ё ҳар рӯзи борон ёд хоҳӣ кард.

Канори рӯд биншинӣ, дар обаш акси худ бинӣ,
Маро дар раҳгузори рӯзгорон ёд хоҳӣ кард.

Чи хуш гӯянд, қадри неъмат аз баъди заволи ӯст,
Агар ман ҳам бимирам, пеши ёрон ёд хоҳӣ кард...

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Билл Гейтс стал миллиардером, когда ему был 31 год
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|