http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ороиши ҷавониям ишқи ту буду мурд,
Гулбонги шодмониям ишқи ту буду мурд.

Болам дигар шикаставу авҷам нишастааст,
Парвози осмониям ишқи ту буду мурд.

Акнун дили диловарам хун гиря мекунад,
Гулханди зиндагониям ишқи ту буду мурд.

Ман чун дарахти тирамаҳ бебаргу бенаво,
Уммеди бехазониям ишқи ту буду мурд.

Ҷон дар танам чу орифи зиндонӣ норизост,
Манзури ҷонфишониям ишқи ту буду мурд.

Чун сӯҳбати ду гунг ману умр мондаем,
Бо умр ҳамзабониям ишқи ту буду мурд.

Акнун сари мазори дил фарёд мезанам,
Тақдири ин ҷаҳониям ишқи ту буду мурд.

Акнун сари мазори ишқ афсӯс мехурам,
Бахти нахусту сониям ишқи ту буду мурд.

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Впервые технология отправки факсов была запатентована в 1843 г. Александром Бейном, но факсимильный аппарат был использован лишь в 1964 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|