http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Шод бод он, к-ӯ ғами ёрон хурад,
Ҳасрати дунёи бепоён хурад.

Аввал ороми дили бирён диҳад,
Баъд беғам барраи бирён хурад.

Аз гулӯяш нагзарад як қатра об,
Хун хурад, то луқмаи осон хурад.

Хунбаҳои дӯстони ҷон ба ҷон
Ҷон диҳад, то ҷуръа аз финҷон хурад.

Сад қасам бишкастан осон ҳилаест,
Зинда бод он, к-ӯ қасам бо ҷон хурад.

Нони мардум бар касе бодо ҳалол,
К-ӯ ғами мардум хурад, то нон хурад!

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1964 г. появился первый в мире монитор для компьютеров – IBM 2250. Монохромный дисплей размером 12х12 дюймов имел разрешение 1024х1024 точек и поддерживал частоту обновления экрана в 40 Hz.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|