http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Сарбузурги боғи пурмева дарахти бед шуд,
Шамъи мурда ҳокими манзумаи хуршед шуд.

Зиндагон бар мурдареги зиндагӣ жӯлидаанд,
Зиндагӣ аз зиндагонӣ буданаш навмед шуд.

Зиндагию мурдагӣ буданд тавъам, лек ҳайф,
Зиндагӣ мурду ба ҷояш мурдагӣ тавлид шуд!

Мерасад бӯйи аҷал дар батни модар тифлро,
Оҳ, оҳ, эй зиндагӣ, рӯйи ту ҳам нодид шуд!

Аз таваллуд то ба мурдан авҷи мавҷе беш нест,
Вой бар он мурдае, ки зиндаи ҷовид шуд!

Зиндагӣ дунёкушоӣ буд дар саҳни вуҷуд,
Ин замон чун наҳви тоҷикӣ ҳама тақлид шуд.

Аз пайи рӯзӣ парешон аст тоҷик дар ҷаҳон,
Ин парешонӣ барои гушначашмон ид шуд!

Ваҳдати тоҷик ба чашмам дарнамеояд, зи бас
Дур аз тамҳид шуд, бегона аз тавҳид шуд...

августи 1990
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1986-м приключилась первая вирусная атака – "дикий" вирус Brian, созданный пакистанскими программистами, братьями Basit и Amjad Alvi, распространился по миру.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|