http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Маро ҳисоби зиндагӣ ба ҳар ҳисоб мекашад,
Миёни обу оташам ба обутоб мекашад.

Ба ошёни равшани хаёлҳо, висолҳо
Нахуст бор медиҳад, сипас ҳиҷоб мекашад.

Даруни сояравшани гуноҳҳо, савобҳо
Ба соя мекушад, сипас ба офтоб мекашад.

Гаҳе ба бӯи насяам зи нақд дур мекунад,
Гаҳе зи бахти нақдаам ба рахти хоб мекашад.

Даруни қоб мекашад, агар ниқоби ӯ кашам,
Чу рӯш диданӣ шавам, ба рӯ ниқоб мекашад.

Кашокаш аст ин ҷаҳон, зи ташнагии рӯҳу ҷон
Дилам шароб мекашад, сарам азоб мекашад.

Зи неку бад, зи дому дад дили ситезакори ман
Гаҳ иҷтиноб мекашад, гаҳ инқилоб мекашад.

Кашанд кола ину он, валек шоири фақир
Ба боргоҳи ҷовидон фақат китоб мекашад.

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первый массовый жесткий диск был от Seagate ёмкостью 5 Мb
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|