http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Рафтию дар хотири ман чашми зебои ту монд,
Рафтию дар кунҷи холии дилам ҷои ту монд.

Аз раҳи тақдири ту уммеди ман ғофил гузашт,
Дар раҳи тақдири ман нақши аламҳои ту монд.

Нақдҳои зиндагӣ як-як чу об аз каф бирехт,
Насяҳо чун ваъдаҳои васли фардои ту монд.

Аз саропои ту гул мерехт, то бо ман будӣ,
Он ҳама гул аз сари ман, аз саропои ту монд.

Ҳар хати ту сарнавиште буд вақтеву кунун
Дар ҷабинам хатти чин аз хатти хонои ту монд.

Ҳар таманное, ки дар дил доштам, омад ба даст,
Доғи носурам ба дил танҳо таманнои ту монд.

Рафтию дар дафтарам чун мисраи пасту баланд
Толеи пасти ману он қадди болои ту монд.

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Термин "виртуальная реальность" впервые был предложен в 1983 г. программистом Жароном Ланьером.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|