* * *
Эй басо дидам касон шоиртарошӣ кардаанд, Шеърро нашнохта, баҳсу талоше кардаанд. Ошно нобуда бо дарди замону зиндагӣ, З-ошноӣ бо сухан даъвои оше кардаанд. Ҷои бӯса бар рухи дӯшизаи шеъру сухан Хомаро аз хомӣ наққоши хароше кардаанд. Гавҳаре н-ороста бар қомати шеъри Аҷам, Гавҳари поки варо сарфи маоше кардаанд. Гар сухан бояд шарар бахшад ба чашми мардумон, Ин касон бар чашми мардум хокпошӣ кардаанд.