http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Замон кони ғамон гуфтанду рафтанд,
Фиғон аз ин ҷаҳон гуфтанду рафтанд.

Ҳама ваҳшат, ки худшон офариданд,
Зи дасти осиён гуфтанду рафтанд.

Замонро вожгун карданд худшон,
Ҳама ҷурми замон гуфтанду рафтанд.

Ба бели хеш гӯри хеш канданд,
Зи қасди душманон гуфтанду рафтанд.

Бара хурданд бо гургони миллат,
Ҳама айби шубон гуфтанду рафтанд.

Бидуздиданд симу зар зи конҳо,
Ҳама камбуди кон гуфтанду рафтанд.

Бародарро зи кин куштанд, лекин
Хато рафт аз камон гуфтанду рафтанд.

Ба ҷурми хештан тан дарнадоданд,
Гуноҳи одамон гуфтанду рафтанд.

Басо андар замин истора куштанд,
Зи наҳси осмон гуфтанду рафтанд.

Агар буданд ҳези зан ба музде,
Базаҳкораш занон гуфтанду рафтанд.

Ҳама каҷбозии даврони худро
Хатои рафтагон гуфтанду рафтанд.

Ба ҳам карданд бас номеҳрубонӣ,
Фалак номеҳрубон гуфтанду рафтанд.

Забонро гар нафаҳмиданд борик,
Гуноҳи тарҷумон гуфтанду рафтанд.

Хирадшон кӯр буд, имонашон кӯр,
Зи аҳвал алъамон гуфтанду рафтанд.

Ду-се фарди забардасте агар буд,
Ду каф бикшода “нон!” гуфтанду рафтанд.

Ду се тан марди фарманде агар буд,
Ҳама тарки макон гуфтанду рафтанд.

Ба сони Аҳмади Дониш ба сад дард
Ба гӯши хар азон гуфтанду рафтанд.

25.02.1995 – Бемористон
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
что байт - это 8 бит
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|