http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ҳар қадар обод созам, боз вайрон мекунад,
Ҳар қадар ҷамъ оварам, охир парешон мекунад.

Давлати дил сохтам, то бахт бошад қалъабанд,
Зиндагӣ бахти маро чун тахти Сомон мекунад.

Ошиқӣ ҳар дам маро меофарад бо сӯзи нав,
Зиндагӣ ҳар дам маро аз ман пушаймон мекунад.

Шоирӣ, гар қофия танг аст, месозад маро,
Зиндагӣ, гар қофия танг аст, гирён мекунад.

Орзу ҳар дам маро то осмонҳо мебарад,
Зиндагӣ ҳар дам маро бар хок яксон мекунад.

Хоҳам аз тасвири дил девон бисозам, водареғ,
Зиндагӣ ҳар дам маро дар чанги девон мекунад.

Бар сари ин зиндагӣ ман шеърборон кардаам,
Ӯ валекин бар сари ман маргборон мекунад.

[1988]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
...что первая мышка для компьютера была сделана из дерева
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|