http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Яшму лаълу мармари мо мезананд,
Порае аз пайкари мо мезананд.

Мушт агар пушти дари мо мезананд,
Рахнае бар масдари мо мезананд.

Мо зи кӯрӣ даст агар боло кунем,
По ба гӯри модари мо мезананд.

Бифшуранд аз санг гавҳарҳои он,
Зарбате бар гавҳари мо мезананд.

Эй зарафшонӣ, зи танбоку бибол,
Махзани симу зари мо мезананд!

Оташи мо мемурад дар батни санг,
Бод бар хокистари мо мезананд.

Ахгаре афрӯхта дар тори кӯҳ,
Аз фалакҳо ахтари мо мезананд.

Роҳҳо бикшода то ҳалқи дара,
Роҳи мо дар кишвари мо мезананд.

Кӯҳзодо, сангзодо, алҳазар,
Санги моро бар сари мо мезананд!

апрели 1990
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Термин "виртуальная реальность" впервые был предложен в 1983 г. программистом Жароном Ланьером.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|