http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ин сагдилон, ки хидмати айём мекунанд,
Бо ваъда халқи содаро ором мекунанд.

Балъида ҳаққи халқро ҳамчун наҳанги ҳор,
Худро наҷотбахши халқ эълом мекунанд.

Дар коми хеш мекашанд амволи халқро,
Халқи ситамкашидаро ноком мекунанд.

Пур карда ҷайби халқро аз чормағзи пуч,
Дар ҷайби хеш пиставу бодом мекунанд.

Ҳар ваъдаро ба ҷоми май анҷом медиҳанд,
Халқи балорасидаро сарсом мекунанд.

Аз баҳри некномии худкомагии хеш
Моро ба паҳнаи ҷаҳон гумном мекунанд.

Дарюза мекунанд ба ҳар ҷо зи номи халқ,
Ғофил аз он, ки халқро бадном мекунанд.

Як ҳарф дар забонашон фарҳанги халқ нест,
Даъвои шарҳи Ҳофизу Хайём мекунанд.

Миннат ниҳода шамъаке бар халқ медиҳанд,
Хуршедро ба аҷнабӣ инъом мекунанд.

Бар умқи кору борашон борик бингаред,
Аз номи халқ халқро душном мекунанд.

Аз лутфу меҳрубонии ишон чӣ ҷои ҳарф?
Бо дасти халқ халқро эъдом мекунанд.

20.02.1994 – Бемористон
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
что слово "Google" - это выдуманное число: 1 и сто нулей
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|