http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Умрам баҳорхонаи нақшу нигор буд,
Шавқам нигорхонаи фасли баҳор буд.

Чашмам ба сӯи осмон шабҳои ошиқӣ
Дунболагири ахтари дунболадор буд.

Ҷонам зи беқарории хуни ситезакор
Гургоштӣ ба қоидаи рӯзгор буд.

Шавқам, ки мавҷ мезаду аз банд мераҳид,
Умре ба як навозиши рӯҳонӣ зор буд.

Дар пайкари хамӯши ман чун кӯҳи дурдаст
Эй бас хурӯшу валвалаи обшор буд.

Ман медавидам аз паи оҳуи орзу,
Ӯ тарсхурда аз дами доми шикор буд.

Ман медавидам аз паи он ман, ки гум шудаст,
Ӯ низ дар куҷое маро чашмдор буд...

[1979]
  1. Choice of language
  1. You know ...
Bill Geyts became billionaire, when him was 31
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|