http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Кардам агар гуноҳ, гуноҳи кабир буд,
Ҷустам агар диле, дили бас беназир буд.

Ӯ ёри рӯҳи ман буду боли хаёли ман,
Тағйири бахши зиндагӣ афсӯс дер буд.

Гулҳои тирамоҳи ман бӯи баҳор дошт,
Шабҳои ман зи шуълаи чашмаш мунир буд.

Ӯ ҳусни орзу буду оғози шеъри ман,
Чун чашмаи саҳаргаҳон софизамир буд.

Сар мекашид аз дилаш фаввораи сухан,
Шеъре нагуфта шоири офоқгир буд.

Мо ду фасоназодаи аъмоли худ будем,
Табъи замона аз чунин афсона сер буд...

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первое упоминание Internet относится к 1982 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|