http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Як пора санги кӯҳаму як шоха оби рӯд
Тамкини кӯҳ дораму шасту шитоби рӯд.

Бо шинухези мавҷҳо ман дил ниҳодаам,
Сад печутоб мехурам бо печутоби рӯд.

Ман сабки рӯдро аз он тақлид мекунам,
Бошад, ки дар баҳои дил гирам савоби рӯд,

Гӯӣ таноби умри ман аз даст меравад,
Ёбам, ки нест дар кафам банди таноби рӯд.

Ҷонам зи шавқ метапад чун мавҷи беқарор,
Умрам ба об меравад андар ҳисоби рӯд.

Ҳар гаҳ, ки дер бингарам дар мавҷҳои тунд,
Ман низ гӯӣ меравам чун ҳамрикоби рӯд...

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
что байт - это 8 бит
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|