http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Оҳу дод аз зиндагӣ, умри ҷавонам меравад,
Бо ҳама ному нишон, ному нишонам меравад.

Ошиқӣ, шӯридагӣ, девонагӣ, фарзонагӣ
Аз дарахти умр чун барги хазонам меравад.

Гуфта будам ман намемирам, ғурури ишқ буд,
Оқибат мемираму бо ман ҷаҳонам меравад.

Бо фиғони дил ҷаҳонро пушти сар хоҳам гузошт,
Пеш-пеши ман ба гӯристон фиғонам меравад.

Мисли ҷон аз пайкари фарсудаю беҳоли ман
Ишқи маҳрӯён зи дил, шеър аз забонам меравад.

Дар дили хоки сияҳ бо орзуҳои сафед
Он дили дар байни дилҳо тарҷумонам меравад.

Модари дунё сияҳпистони бепарводил аст,
Аз канори сарди ӯ гармои ҷонам меравад.

Марги ман марги тани ман нест, аз дунболи ман
Корвони орзую ормонам меравад...

1989
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
что байт - это 8 бит
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|