http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ҳар нафас бинам зи чашми шӯхи ту нози дигар,
Ҳар нафас бикшоям аз даври лабат рози дигар.

Ҳар қадар бо ту бубинам кишвари афсонае,
Ҳар саҳар бо ту кушоям боли парвози дигар.

Гарчи ҳар дидори ту бошад маро эъҷози бахт,
Бинамат бори дигар, ёбам сад эъҷози дигар.

Он қадар овози ту дар гӯши ҷон биншастааст.
Гӯӣ зери чархи гардун нест овози дигар.

Ишқи моро, ки чу ганҷи кӯҳсорон сармад аст,
Нест анҷоме, вале ҳар лаҳза оғози дигар...

Мову ту ду қитъаи озодихоҳи қисматем,
Ҳар нафас ҷони дигар дорему ҷонбози дигар.

Ман дигар дилошноеро намеёбам чу ту,
Ҳам ту мисли ман намеёбӣ ғазалсози дигар.

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
что байт - это 8 бит
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|