http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Ин дили шоди маро ношод кардӣ, шод бош,
Орзуҳои маро барбод кардӣ, шод бош.

Аз туву аз ишқу аз меҳру сафову мардумӣ
Ҳар чӣ ҷамъ оварда будам, бод кардӣ, шод бош.

Гуфта будам мерасӣ бар доди дил, фарёди дил,
Доди ман нашнидаву бедод кардӣ, шод бош.

Ёди ту дар хотири ман чун тапиш дар сина буд,
Ту маро бехотиру беёд кардӣ, шод бош.

Хостам озод бошам бо ту аз ғамҳои умр,
Ту маро аз шодиҳош озод кардӣ, шод бош.

Хонаи чашми маро кардӣ хароб аз интизор,
Хонаи бегонаро обод кардӣ, шод бош.

Боз ҳам хоҳам туро бахти сафеде чун дилам,
Гарчи бо ман сад ситам бунёд кардӣ, шод бош!

[1988]
  1. Choice of language
  1. You know ...
For the first time the technology of sending of faxes has been patented in 1943 by Alexander Bein, but the fax machine has been used only in 1964.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|