http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Эй ошно, ба хилқати риндона зинда бош!
Дар гуфтугӯи оқилон девона зинда бош!

Он ҷо, ки аз ҳақиқати мутлақ сухан кунанд,
Нашнида гиру бо ду-се афсона зинда бош!

Гар як баҳор киштаи деҳқон нуму накард,
Дар зери хоки зиндагӣ чун дона зинда бош!

Дар байни беситорагон чун шуълаи умед,
Дар байни ин заифакон мардона зинда бош!

Рӯзе агар ба хонаи хуршед ҳам расӣ,
Бо ҳамниёзии ду-се бехона зинда бош!

Дастат агар ба гардани Маҳтоб ҳам расад,
Дар сояи муҳаббати ҷонона зинда бош!

[1982]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
что слово "Google" - это выдуманное число: 1 и сто нулей
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|