http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Мегурезам ҳар замон аз хешу аз дунёи хеш,
То биёбам дар дили шоирписандат ҷои хеш.

Мегурезам, то туро дарёбам андар роҳи умр,
То туро пайдо кунам аз бахти нопайдои хеш.

Мегурезам, то туро орам лаби дарёи дил,
То дили дарётро хонам дили дарёи хеш.

Мегурезам, то бидонӣ чист қадри бехудӣ,
То шиносӣ рангу бори ҳастии зебои хеш.

Мегурезам, то бимирам дар суроғи кӯи ту,
То ту ҳам з-он пас нахоҳӣ зист бо савдои хеш.

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Впервые технология отправки факсов была запатентована в 1843 г. Александром Бейном, но факсимильный аппарат был использован лишь в 1964 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|