http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Беиътиқодӣ як тараф, беиттиҳодӣ як тараф,
Беиҷтиҳодӣ як тараф, беиътимодӣ як тараф

Як шаҳр пур аз ҳоюҳу, тӯфон дамид аз чор сӯ,
Муште мунодӣ як тараф, муште ҷиҳодӣ як тараф.

Баҳри Ватан ҷонбозӣ не, қозӣ ба ҳаққаш розӣ не,
Якчанд ҳодӣ як тараф,якчанд бодӣ як тараф.

Ин мардуми беақлро ронданд сӯи партгоҳ
Аз бесаводӣ як тараф, аз бемаводӣ як тараф.

Фарёдашон то осмон андар замин беобу нон,
Пучиқтисодӣ як тараф, гарди касодӣ як тараф.

Шахсони шохисро нигар,як тӯда ҳонисро нигар,
Карнои шодӣ як тараф, нанги фасодӣ як тараф.

Ин зумра симу зар гирифт, он зумра дарди сар гирифт,
Аз беибодӣ як тараф, аз бебилодӣ як тараф.

Як идда зери хок шуд, як идда беамлок шуд,
Мардию родӣ як тараф, шайтонниҳодӣ як тараф.

Хасдуздҳо Ҳотам шуданд, дамдуздҳо одам шуданд,
Аз баднажодӣ як тараф, аз бенажодӣ як тараф.

Ҳай мулкро тороҷ кард, ҳай халқро муҳтоҷ кард,
Ин бо ситоде як тараф, он инфиродӣ як тараф.

Мардум ба мурдан розӣ шуд, маҳви сиёсатбозӣ шуд,
Аз беимодӣ як тараф, аз номуродӣ як тараф.

8.01.1995
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1981 году была основана фирма Creative Technology (Сингапур) – создатель первой звуковой карты.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|