http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ошиқӣ басар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Хорият ба сар омад, эй дил, эй дили ошиқ!

Гунаи ҷавоният гунаи хазонӣ шуд,
Фасли бесамар омад, эй дил, эй дили ошиқ!

Бе чароғи биноӣ дар ғуруби танҳоӣ
Соя пушти дар омад, эй дил, эй дили ошиқ!

Тарки дилкашолӣ кун, ҷои ишқ холӣ кун!
Навбати дигар омад, эй дил, эй дили ошиқ!

Паҳнаи ҷаҳон гаштӣ, аз сари бутон гаштӣ,
Охирин сафар омад, эй дил, эй дили ошиқ!

Рафтанат зи шӯхӣ не, рафтане, ки меросист,
Инат аз падар омад, эй дил, эй дили ошиқ!

Аспи чӯбиро зин кун, алвидоъу омин кун,
З-он тараф хабар омад, эй дил, эй дили ошиқ!

Эй дил, эй дили Лоиқ, аз чӣ ин ғазал гуфтӣ,
Бар ту чӣ хатар омад, эй дил, эй дили ошиқ?

1989
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
...что первая мышка для компьютера была сделана из дерева
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|