http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Дили осударо пур мавҷи тӯфон мекунӣ, эй ишқ,
Сари бедардро гардуни гардон мекунӣ, эй ишқ.

Заминро иртифои осмон мебахшӣ дар як он,
Фалакро ногаҳон бар хок яксон мекунӣ, эй дил.

Наметарсӣ ҳам аз додор баҳри лаҳзае дидор,
Ба ёди кӯчае сад шаҳр вайрон мекунӣ, эй ишқ.

Ба ҳаққи ваъдае хуршеду маҳ мехоҳӣ аз гардун,
Ба ҳаққи хандае якумр гирён мекунӣ, эй ишқ.

Дар аввал мекунӣ донои дунё қалби ошиқро,
Дар охир бо ҳама ишкол нодон мекунӣ, эй ишқ.

Чи бас осон дил аз каф мебарӣ дар ибтидои худ,
Вале дар мунтаҳо пур макру дастон мекунӣ, эй ишқ.

Вале бо ин ҳама танҳо туӣ қонунгари дилҳо.
Ҳар он мушкил, ки худ дорӣ, худ осон мекунӣ, эй ишқ.

Ҳанӯз инсони комил нест ҳар тифле, ки модар зод,
Туро нозам, ки ӯро охир Инсон мекунӣ, эй ишқ!

[1982]
  1. Choice of language
  1. You know ...
что байт - это 8 бит
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|