http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Чун набуд дидаваре, ҳақназаре дар бари халқ
Барфу борони бало рехт ба фарқи сари халқ.

Сангдил баски фузун буд дар ин сангистон
Дили санг об шуд аз оҳи дили модари халқ.

Ҳар қадар дасти дуо сӯи худо боло шуд,
Он қадар қаҳри худо рехт ба бому дари халқ.

Чун зи масҷид ба дили халқ камон кард камин,
Халқ донист, ки ҷуз худ набувад довари халқ.

Дар Душанбе зи шару шӯр замин меларзид,
Минбари чанд ҷигаррехта шуд минбари халқ.

Косаи сабр чу лабрез шуд аз дасти тиҳӣ
Пур шуд аз хуни дилу хуни ҷигар соғари халқ.

Ин ки қонун ба сари тахт нишинад бояд
Шоҳкорест, ки анҷом шуд аз сангари халқ.

Гар шавад чира зи ҳамдастии мардум қонун,
Ҷовидон сабт шавад дар варақи дафтари халқ.

Бегуноҳ нест дар ин фоҷиъа ҳар бегунаҳе,
Гунаҳашро бинамояд назари ҳақвари халқ.

феврали 1993
  1. Choice of language
  1. You know ...
The term "virtual reality" for the first time was offered in 1983 by programmer Jaronom Laner
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|