http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Чун набуд бар сарамон сарвару сардори бузург,
Хушк шуд чашмаи зояндаи афкори бузург.

Хурд ғам ҳастаи ҳастии аҷамбошонро
Чун набуд дар барамон ҳамдаму ғамхори бузург.

Ҳайфи андарзи бузургон, ҳама бефарҳангем,
Ҳар куҷо бингарӣ, пайдост дилозори бузург.

Чӣ бузургист, худоё, ки бузургон мурданд
На паи кори бузургу на ба пайкори бузург.

Аз бузургӣ чӣ нишон аст дар ин кишвари нур?
Дузду қаллобу туфайлихуру ғаддори бузург...

Арса танг аст, ҷаҳони хиради мо танг аст
То ба манзил нарасад ҳеҷ ягон бори бузург.

Оғили тангу хари кӯр... чӣ мероси аҷиб!
Ҳайфи он дини мубину ҳама осори бузург...

Боз даъвои бузургӣ бикунем аз ғафлат –
Туӣ дорои бузург, банда подори бузург.

Зиндагӣ берамақу нону намак бенамак аст,
Гарчи дорем намакдону намаксори бузург.

Ҳамагон мӯҷиби ин ваҳшату ин бедодем,
Ҳеҷ кас нест чу мо хуниву хундори бузург.

Ҳамагон ғарқи гуноҳем, чаро тан надиҳем?
Вақти он аст, ки рошем таҳи дори бузург...

ноябри 1993
  1. Choice of language
  1. You know ...
In 1981 "Taito" company has released the first arcade videogame "Space aggressors".
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|