http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ишқ меварзам, ки аз ман дур бигрезад аҷал,
Ишқ то бо ман ситезад, ҳеҷ настезад аҷал.

То бувад овехта дастони ман бар гардане,
Безамон бар гардани ман дарнаёвезад аҷал.

Ман намепарҳезам аз ишқу маю девонагӣ
То аз ин девонагиҳоям бипарҳезад аҷал.

Навбати ман омада имрӯз андар осиё,
Устухонам кӯфта, сад сол ҳам безад аҷал.

Сар ба гардун мезанам, то навбати ишқи ман аст,
То манам дар пои ёр афтода, чун хезад аҷал!?

Баъд аз он ки зиндагонӣ аз сари ман бигзарад,
Мон, ки ҳамчун барфу борон бар сарам резад аҷал!..

[1982]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Билл Гейтс стал миллиардером, когда ему был 31 год
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|