http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Дили худро замоне дида будам дар канори дил,
Кунун мебинамаш ҳар лаҳза дар чанги фишори дил.

Замоне дар фарози қуллаҳо шоҳиншикоре буд,
Шуд акнун сайди нимбисмил пас аз чандин шикори дил.

Агар дар сина даҳлиз аст, ҷои пои поиз аст,
Куҷоӣ, эй баҳори дил, куҷоӣ, эй баҳори дил?

Ҳазорон санг гӯӣ дур афтодам зи кӯи ишқ,
Куҷоӣ, эй нигори дил, куҷоӣ, эй нигори дил?

Даруни синаам гӯӣ, ки монда мушти хокистар,
Куҷоӣ, эй шарори дил, куҷоӣ, эй шарори дил?

Намонда қадри дилдорию дилбандию дилсӯзӣ,
Куҷоӣ, этибори дил, куҷоӣ, ифтихори дил?

Аз он ёре, ки бо дил майгусорӣ кард, бӯйе нест,
Куҷоӣ, ғамгусори дил, куҷоӣ, ғамгусори дил?

Ало, даврони ғамбемор, ало айёми дилбезор,
Надодиям қарори дил, надодиям барори дил.

Надонистӣ, ки андар паҳнаҳои гирудори ту
Ба ҳар ҷо инфиҷоре буд, буда инфиҷори дил.

Дили хокам чу бипзирад, махонаш теппаи хоке,
Бувад он ҷо мазори дил, мазори ёдгори дил...

25.02.1996 – Бемористон
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Впервые технология отправки факсов была запатентована в 1843 г. Александром Бейном, но факсимильный аппарат был использован лишь в 1964 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|