http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Рафт умру нарасидем ба сарманзили дил,
Начашидем зи анвои ҳама ҳосили дил.

Гарчи сад восита ҷустему талофӣ кардем,
Боз мондем ба сад восита по дар гили дил.

Гарчи якумр ба фармони дил овора шудем,
Боз мондаст ҳазорон ҳавасе дар дили дил.

Киштиҳое бигузаштанд зи уқёнусҳо,
Нарасидаст ягон киштие бар соҳили дил.

Чун Рафоэлу да Винчию Микеланжело
Накашидаст касе манзараи комили дил.

Ҳама дилноманависони ҷаҳон мегуфтанд
Дод аз дасти дилу машғалаи ботили дил.

Ҷои афсӯсу дареғ аст, ки аз дил дурем,
Дар ҷаҳоне, ки бувад ҳар нафасаш шомили дил.

Чун зи безарфӣ ҳама розу ниёзаш куштем,
Метавон гуфт, ки будем ҳама қотили дил.

[1979]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Билл Гейтс стал миллиардером, когда ему был 31 год
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|