http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

То зинда бошам, меравам бар кӯи ту бо пои дил,
То сар ниҳам дар пои ту бо ҷумла зориҳои дил.

Ту – навбаҳори шеъри ман, барқу шарори шеъри ман,
Зеро, ки дил бурдӣ зи ман, худ омадӣ бар ҷои дил.

Пазмон шудам рӯи туро, амвоҷи гесӯи туро,
Қисмат бикун пазмониям, эй қисмати танҳои дил.

Дирӯзу имрӯзам гузашт аз ёди ту то ёди ту,
Уммеди фардои манӣ, эй шуълаи фардои дил.

Ман дар ту дунё ёфтам, дунёи зебо ёфтам,
Бо ман дар ин дунё бибош, эй мазҳари дунёи дил.

Чашми ту чашми зиндагӣ, нози ту нози зиндагӣ,
Қурбони нозу чашми ту, эй дидаи бинои дил!

Эй ҷони ширинтар зи ҷон, талхӣ мабодо байни мо,
Эй ҳамдами яктои дил, эй ёри беҳамтои дил!

[1988]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1964 г. появился первый в мире монитор для компьютеров – IBM 2250. Монохромный дисплей размером 12х12 дюймов имел разрешение 1024х1024 точек и поддерживал частоту обновления экрана в 40 Hz.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|