http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

То гул бичинам, аз раҳи пургил гузаштаам,
То раҳ биёбам, аз сари қотил гузаштаам.

Лабташна будаам, вале бо шеъри обдор,
Аз озмуни тӯдаи ҷоҳил гузаштаам.

То мисрае биёбаму рангин бисозамаш,
Аз байни сад ҳазор ғами дил гузаштаам.

Ожангҳои рӯи ман осори он даманд,
К-аз роҳҳои зиндагӣ мушкил гузаштаам.

Буданд дар сиришти ман шебу фарозҳо,
Зиллат кашида аз раҳи манзил гузаштаам.

Кошиф набудаам, вале дар роҳи ҷустуҷӯ,
Як-ду қадам зи чанд тан коҳил гузаштаам.

Ман қаҳрамон набудаам, аммо ҳамин бас аст,
К-аз мавҷхези дард ба соҳил гузаштаам...

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первый серийный модем выпускался со скоростью передачи данных 2400 bps
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|