http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ҳар гаҳе ошиқ будам, инсони комил будаам,
Мавҷи берунҷаста аз зарфи ду соҳил будаам.

Ҳар қадар дил бурда бошад ҳусни бепарво зи ман,
Он қадар дар фикри дил сар то ба по дил будаам.

Гаштаам ҳарчанд сарсони раҳи ишқу умед,
Ҳамчу мӯри донакаш дар роҳи манзил будаам.

Ҳар гаҳе будаст дасти ман ба гесӯе дароз,
Бо ҳама ноқобилӣ бисёр қобил будаам.

Гарчи аз санги диле шоҳи ҷавониям шикаст,
Боз ҳам шохи хаме аз бори ҳосил будаам.

[1979]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первый серийный модем выпускался со скоростью передачи данных 2400 bps
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|