http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ман ин ҷо хирмани гул гӯр кардам,
Яке марғулакокул гӯр кардам.

Фиғоно аз димоғи хушки дунё,
Шамими мӯи сунбул гӯр кардам.

Гуле бинҳода андар синаи гил,
Ҳазорон оҳи булбул гӯр кардам.

Нагӯй пуштаи хушкест ин ҷо,
Ҷавонию таҷаммул гӯр кардам.

Ҳама уммедҳо бар бод додам,
Ҳама сабру таҳаммул гӯр кардам.

Чи ғофилмарг шуд ишқи ҷавонӣ
Ҷаҳоне аз тағофул гӯр кардам.

15.09.1993
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первый массовый жесткий диск был от Seagate ёмкостью 5 Мb
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|